ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА МАРКАЗ
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА МАРКАЗ
Санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ ҳайати намояндагон аз Ҷумҳурии Корея ба Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ташриф оварданд.
Ҳайати намояндагон аз вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея ва Хадамоти иттилоотии шуғли Корея буданд,ки
ҷиҳати шиносоии бештар бо фаъолияти муассисаҳо оид ба омода кардани қувваи корӣ ҷиҳати кор дар хориҷи кишвар аз Муассисаи Давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуданд.
Зимни ташриф меҳмононро роҳбарияти Марказ ва намояндагони Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳи намуданд. Аъзои гурӯҳи корӣ аз ҷараёни курсҳои "Дӯзанда", “Қаннод”, “Ошпаз”, “Кафшергари барқӣ”, “Челонгари таъмири автомобил” ва “Таъмири телефон” ва синфхонаи "Забономӯзӣ" дидан намуданд.