ТАВАҶҶУҲ!

ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ!

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи банди 4 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 тасдиқ шудааст,  санаи 16 уми апрели соли 2023, соати 9:00 дар МД “Китобхонаи миллӣ” Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ зери унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” баргузор менамояд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз намоиши мазкур дидан намоянд.

 Манбаъ: www.mehnat.tj

14.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36