ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 32- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 32- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

7 сентябри соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид,ки дар он роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии”Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора зимни сухани табрикотӣ зикр намуд, ки бо истиқлоли давлатӣ давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо оғоз шуда, аз баракати он мардуми Тоҷикистон ба дастоварҳои беназир ноил гардиданд. 

Дар ин муддат, кишвар дар тамоми самтҳо худро аз нав сохт, шохаҳои ҳокимияти давлатиро мустаҳкам намуд ва сатҳи зиндагии мардум боло рафт. 

Дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва таълими калонсолон натиҷаҳои хуб ба бор омаданд. Заминаҳои меъёрии ҳуқуқи ин соҳаҳо такмил ёфта, муносибатҳои меҳнатӣ зина ба зина мукаммал ва рушди босуботи ниҳодҳои шарикии иҷтимот таъмин гардид. 

Низоми фаъолияти мақомоти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбиву ҳунармандӣ ташкил, заминаҳои моддию техникӣ ва неруи кадрии он такмил ёфта, татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо таъмин карда шуд. 

Дар чорабинии идона сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон иштирок намуда, ҳозиринро ба фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Ҳамчунин, дар маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳунармандӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ қарда шуданд, ки аз Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” муовини директор Авғонова Марямбӣ ва муаллима Мавлонова Моҳсафар бо сипосномаи Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарддонӣ  шуданд.

08.09.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36