ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР Н.РОШТҚАЛЪА АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТ ДАР Н.РОШТҚАЛЪА АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
16 август соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар ноҳияи Роштқалъа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он филиали МД " Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" бо 4 синфхонаи таълимӣ ва 3 утоқи корӣ ҷойгир аст. Ҳамзамон дар ҳудуди бино устохонаи таълимии таъмир автомобил бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.