Ташкилоти байналмилалии таълимии NALIKE ва Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, байни Ташкилоти байналмилалии таълимии NALIKE (Ҷумҳурии Мардумии Чин) ва Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур аз ҷониби директори генералии NALIKE International Education Ҷолли Ли Хуацзе ва директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» Маҳмудова Хосиятмоҳ ба имзо расид.
Ҳадафи Ёддошти тафоҳум густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омӯзиши касбӣ, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак мебошад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи ин Ёддошти тафоҳум барои рушди низоми омӯзиши касбӣ, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.