БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ НАВ

Slide Image

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва имкониятҳои нав бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар арзёбӣ гардид.

Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо иштирокчиён ва корфармоён суҳбати озод анҷом дода, таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, зеро сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидааст. 

Зикр шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷойҳои кори шоиста дар дохили кишвар мусоидат мекунад.    

18.12.2025

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36