Баргузории озмуни «Кулчақанди беҳтарин» ва «Беҳтарин маҳсулоти кафшергарӣ»
Имрӯз дар дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» байни касбомӯзон аз рӯи номинатсияҳои «Кулчақанди беҳтарин» ва «Беҳтарин маҳсулоти кафшергарӣ» озмуни кушод ташкил ва гузаронида шуд.
Озмунро ҳайати доварон, раиси комиссия ва котиби комиссия назорат намуданд.
Дар фарҷом ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Марказ сарфароз гардонида шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
14.03.2021