МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Slide Image

Бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” бо роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва даъвату иштироки меҳмонон, собиқадорони соҳа, аз ҷумла муҳтарам Маҳмадаминов Маҳмадамин ва муҳтарам Тағойзода Сумангул, роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорат ҳамоиши идона баргузор гардид.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ҷашн гирифта мешавад. Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.

Зимни баргузории ҳамоиш гуфта шуд, ки вазифаҳое, ки имрӯз ба зиммаи Вазорат вогузор шудаанд, масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, татбиқи онҳо, аз ҷумлаи омилҳои асосии таъсиррасон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ равона мебошанд.

Аз ҷумла, дар Паёми имсола низ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то анҷом аз пешрафт, созандагӣ, бунёдкорӣ, донишандӯзӣ, фарҳангпарварӣ ва ҳаёти осоишта, муждаҳо доданд, ки аз даъват ба меҳнати ободкорона ва арҷгузорӣ ба ҳуввияти некуаҳволии иҷтимоӣ хабар медиҳад. Ҳар як ҷумла аз ин паём ба худ тобиши руҳияи баланд, нияти нек, иродаи созанда, дасту дили пок ва умед ба фардои дурахшон дошта, ба мо нерӯи меҳнатқарринӣ ва осудахотирӣ мебахшад. Бинобар ин бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ аз масъулияти аввалиндараҷаи Вазорат буда, бояд зери таваҷҷуҳи доимии ҳар як нафари мову шумо қарор дода шавад.

Дар ин замина, Вазорат бо дарки масъулият барои таъмини аҳолӣ бо шуғли муносиб пайваста саъю талош хоҳад намуд. Дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалӣ гардонидани тадбирҳои созанда дар самти таъмини шуғли устувор, рушди захираҳои инсонӣ, такмили низоми касбомӯзӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, дастури роҳнамо дониста мунтазам пешбарӣ карда хоҳад шуд.

Дар чорабинии идона бо дарназардошти дастовардҳои соҳаи меҳнат як қатор кормандони соҳа, барои хизматҳои арзанда ва муваффақияту комёбиҳои назаррас, ки дар соҳаи ҳифзи меҳнат саҳми сазовор гузоштаанд, бо мукофотҳои соҳавии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

24.01.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36