Таҷлили Рӯзи Модар ва солгарди таъсисёбии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»

Бахшида ба Рӯзи Модар ва таҷлили 12-умин солгарди таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» маросими идона баргузор гардид. 

Дар маросим директори Марказ Ҷаҳонгир Сафарзода оид ба қадру манзалати зан-модар суханронӣ намуда, бонувони Марказро ба Рӯзи Модар ва тамоми кормандонро ба иди касбияшон табрику таҳният гуфт.

Тазаккур дода шуд, ки зан - модар олиҳаи зиндагӣ, асоси саодатмандиву шукуфоӣ, неруи пешбарандаи ҷомеа дар ҳама давру замон дониста мешавад. Мақому мартабаи зан ва ситоиши ӯ мунтазам мавриди васф қарор гирифта, пеши ӯ бузургони ҷаҳон сари таъзим фуруд овардаанд.

Имрӯзҳо нақши занон дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа, пеш аз ҳама, дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. 

Дар фарҷоми чорабинӣ ба кормандон барои фаъолияти назаррас ва пурсамарашон ифтихорномаҳои соҳавӣ тақдим карда шуданд.

14.03.2021

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36