ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД”

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД”

16 апрел дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фестивал  ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” баргузор гардид. Дар намоиши мазкур кормандон ва устоҳои таълими истеҳсолии муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" низ иштирок намуда, аз рӯйи касбу ҳунарҳои заргарӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд.
Фестивал барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон мусоидат менамояд.

17.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36