ЗАРГАРӢ – ЯКЕ АЗ САНЪАТҲОИ ҚАДИМАИ ОРОИШИЮ АМАЛИИ ТОҶИКОН

Slide Image
 ЗАРГАРӢ – ЯКЕ АЗ САНЪАТҲОИ ҚАДИМАИ ОРОИШИЮ АМАЛИИ ТОҶИКОН

 Заргарӣ – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии тоҷикон буда, касби  нозуктарин,   зеботарин, сердаромадтарин ва қадимтарин ба ҳисоб меравад. Вақте ки сухан дар бораи ҳунари заргарӣ меравад пеши назар зебоӣ, ҳунармандӣ ва моҳирона истифода бурдани маводи заргарии заргар дида мешавад. Дар вактхои охир ҳунари заргарӣ ба як соҳаи илму технологияи пешрафта табдил ёфта истодааст. 
          Бо мақсади рушду равнақ додани ин санъат Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ба диққати ҳамаи шаҳрвандон мерасонад, ки дар Марказ курси кӯтоҳмудати “ Заргарӣ ” ба роҳ монда шудааст. 
Хоҳишмандон метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро ба қабули комиссия оварда супоранд.
Суроғаи мо: кӯч. Алишер Навоӣ 5/1
Рақамҳо барои тамос: 250-35-42
 Сомонаи мо: kasb.tj

23.01.2024

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36