ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОНИ МТМУ №33 Н.СИНО ДОИР БА ПЕШГИРИИ МЕҲНАТИ ВАЗНИНИ КӮДАКОН

ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОНИ МТМУ №33 Н.СИНО ДОИР БА ПЕШГИРИИ МЕҲНАТИ ВАЗНИНИ КӮДАКОН
     Масъулини Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ҷиҳати амалигардонии Нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2023 ва пешгирӣ намудани вооридшавии кӯдакон ба меҳнати иҷборӣ санаи 12 апрел дар мавзӯи “Пешгирии меҳнати кӯдакон ва риояи ҳуқуқи онҳо” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии судманд бо иштироки хонандагони синфҳои 8-11 ва омӯзгорон баргузор намуданд.
Чорабиниро роҳбарияти муассиса ифтитоҳ бахшида, қайд намуд,  ки мубориза бар зидди меҳнати вазнини кӯдак дар тамоми ҷаҳон яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб рафта, манъ намудани меҳнати маҷбурӣ ҷузъи маҷмӯи ҳуқуқҳои асосӣ мебошад.
Сипас, мудири бахши мониторинги меҳнати кӯдаки Марказ Гулов С. доир ба масъалаи сабабҳои ба миён омадани меҳнати вазнини кӯдакон, ҳуқуқҳои кормандони ба синни 18-сола нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ, тартиби шароити кор барои шахсони то 18-сола ва  саҳми омӯзгор дар пешгирӣ ва барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ибрози андеша намуд.

Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj 
Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj

13.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36