60 НАФАР МОДАРОН СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ “ДӮЗАНДАГӢ” ШУДАНД

60 НАФАР МОДАРОН СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ “ДӮЗАНДАГӢ” ШУДАНД

 60 нафар модарони кӯдакони таҳти сарпараст, ки дар курсҳои касбомӯзӣ ширкат доштанд, дарси дӯзандагӣро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома шуданд

Дар деҳаҳои мавриди ҳадафи дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав чор курс ташкил карда шуд. Дар давоми ду мох занҳо на танҳо аз тренерон, балки аз ҳамдигар ҳунари дузандагиро омухтаанд. Ин ба онҳо кӯмак кард, ки усулҳои дӯзандагӣ ва гулдӯзиро васеъ аз худ намоянд.

Шаҳодатномаҳоро директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”  Наргис Бурҳонова супорид.

Иштирокчиёни курсҳо қабл аз гирифтани шаҳодатномаҳо ба муаллима  Бурҳонова Наргис либосҳои дастдӯзи худро пешниҳод намуданд, ба ҳама саволҳо оид ба технология ва усулҳои дӯзандагӣ посух доданд ва инчунин аз имтиҳони кӯтоҳ гузаштанд. Муаллима Бурхонова Наргис низ аз донишу малакаи иштирокчиёни курс қаноатманд буд.

Аксари занон гӯфтанд, ки курсҳои касбомӯзӣ на танҳо барои худи онҳо, балки барои оилаҳо ва аҳли ҷомеа муфид аст. Мардуми ҷамоат дигар эҳтиёҷ надоранд, ки вақту пули худро барои чеварҳои берун аз деҳа сарф кунанд.

Акнун мардуми деҳа метавонанд барои чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла дар тӯю маъракаҳо аз деҳа берун набаромада дӯхтани либосҳои гуногун ба дӯзандагони маҳаллӣ фармоиш диҳанд.

22.08.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36