ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОН АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА  МАРКАЗ

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОН АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА  МАРКАЗ
  23 ноябри соли ҷорӣ  намояндагони ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ аз Федератсияи Россия,  аз ҷумла, КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Федератсияи Россия, Маркази муҳоҷирати шаҳри Москва , Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Россия бо номи Патрис Лумумба, ширкатҳои “ГСП-Технология”, “ПЭК” ва ООО ПРОМСТРОЙ”  аз Муассисаи давлатии “ Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуданд. 
  Зимни ташриф меҳмононро роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муассиса ҳамроҳӣ намуданд.
 Аъзои гурӯҳи корӣ аз аз ҷараёни курсҳои “Дӯзанда”, “Қаннод”, “Ошпаз”, “Кафшергари барқӣ”, “Челонгари таъмири автомобил” ва “Таъмири телефон” дидан намуда,  ба фаъолияти таълимӣ ва имкониятҳои моддию техникии Марказ  баҳои баланд доданд.

11.12.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36