ОҒОЗИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ “МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ ВА МАЪМУРӢ”

ОҒОЗИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ “МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ ВА МАЪМУРӢ”
Санаи 1уми майи соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани вазъи шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Тоҷикистон" семинари омӯзишии "Малакаҳои рақамӣ ва маъмурӣ " дар филиали МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.
Семинари мазкур дар доираи лоиҳа ройгон баргузор гардида, ба он муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаҳои онҳо ҷалб карда шуданд.
Семинар 6 рӯз давом карда, пас аз итмоми он ба иштирокчиён сертификат дода мешавад. Суроға: кучаи А.Навоӣ 5/1
Телефонҳо барои тамос: 250-35-42
250-35-41 Сомона: www.kasb.tj
Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj
Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj