ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲО ДАР БОЗОРИ “САФАРИЁН” ВА  МАРКАЗИ САВДОИ “ШЕР-ФАРЗИМ” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДОИР БА ПЕШГИРИИ МЕҲНАТИ ВАЗНИНИ КЎДАКОН ВА ТАРТИБИ ҶОРИ НАМУДАНИ РУЙХАТИ КОРМАНДОНИ ТО 18- СОЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲО ДАР БОЗОРИ “САФАРИЁН” ВА  МАРКАЗИ САВДОИ “ШЕР-ФАРЗИМ” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДОИР БА ПЕШГИРИИ МЕҲНАТИ ВАЗНИНИ КЎДАКОН ВА ТАРТИБИ ҶОРИ НАМУДАНИ РУЙХАТИ КОРМАНДОНИ ТО 18- СОЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
        Масъулини Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ҷиҳати мавриди иҷро қарор додани тадбирҳои амалигардонии Нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак барои соли 2023 ва пешгирӣ намудани воридшавии кўдакон ба мешнати иҷборӣ санаи 12.09.2023 дар мавзӯъи “Пешгирии меҳнати кўдакон ва риояи ҳуқуқи оншо” ва Тартиби шароити кор барои шахсони то 18- сола дар бозори “Сафариён” ва Маркази савдои “Шер-Фарзим” мониторинг гузаронида шуд.
Зимини гузаронидани санҷишҳо  ҳолатҳои ба ҷалб намудани ноболиғон ба меҳнат ошкор карда шуд. Бояд қайд намуд, ки байни корфармо ва ноболиғон шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида шудааст ва давомнокии вақти кории онҳо тибқи шароити кор барои шахсони  то 18- сола муқаррар карда шудааст.
Намояндаи бозори “Сафариён” Сурхаков Хуршед суханро ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки  риояи рўйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо таъмин карда мешавад ва барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд аз 14 то 16 сола -2,5 соат ва аз 16 то 18 сола -3,5 соат дар доираи Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба бастани шартномаи меҳнатт ба кор қабул карда мешаванд.
Сипас мудири бахши шарикии иҷтимоӣ ва мониторинги меҳнати кўдаки Марказ Гулов С. суханрони намуда, қайд намуданд, ки ҳангоми муроҷиати шахси то 18- сола барои ба кор қабул кардан, тартиби ҷори намудани руйхати кормандони то 18- сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои зеринро бояд ба назар гиранд; хоҳиши шахси муроҷиаткунанда, ҳолатҳо ва шахсияти кормандони то 18-сола ба монанди маъюбӣ, аъзои оилаи камбизоат, қурбониёни зуроварӣ, мавқеи гуреза ё паноҳҷуянда.
Инчунин доир ба масъалаҳои “Сабабҳои ба миён омадани меҳнати вазнини кўдакон”, “Ҳу
қуқи кормандони ба синни 18 сола нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ” “Тартиби шароити кор барои шахсони то 18-сола”   ибрози андеша намуд.

 
 

13.09.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36