«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, хусусан либоси зебои миллӣ - атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва боло бурдани ҳисси зебоипарастӣ, санаи 19 апрели соли ҷорӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” дар Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур занону бонувони Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" фаъолона иштирок намуда, омодагии худро барои  тарғиби анъанаҳои неки ниёгон ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ иброз намуданд.
Хотирнишон месозем, ки дар Марказ курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ ва тоқидӯзӣ мавҷуд буда,  мутахассисони чирадаст барои занону духтарон нозукиҳои ин касбҳоро меомӯзонанд.
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгири намоед.

Суроға: кучаи А.Навоӣ 5/1
 Телефонҳо барои тамос: 250-35-42
  250-35-41  Сомона: www.kasb.tj
Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj 
Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj

20.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36