ТАШРИФИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АГЕНТИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ (TIKA) БА МАРКАЗ           

      ТАШРИФИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АГЕНТИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ (TIKA) БА МАРКАЗ                                                                                                      4 майи соли равон ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Умит Наҷиб Ёрулмаз, сарпарасти лоиҳаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Меҳмет Бодур ва ҳамоҳангсози барномаи ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Эрбир аз МД "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки тарабхонаи омӯзишии Марказ ва коргоҳи кафшергарӣ бо дастгирии ТИКА таъмиру тармим гардида, дар ин ҷо шаҳрвандон касбу ихтисосҳои “Ошпаз”, “Қаннод”, “Маъмури тарабхона”, “Бармен”, “Пешхизмат”, “Кафшергари газию барқӣ” меомӯзанд. Зимни боздид меҳмонон аз курси кӯтоҳмуддати "Қаннодӣ" дидан намуда, ба маҳсули дасти касбомӯзон баҳои баланд доданд. Қайд гардид, ки ТИКА минбаъд низ дар доираи ҳамкориҳои мавҷуда ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддию техникии Марказ саҳм мегузорад. Суроға: кучаи А.Навоӣ 5/1 Телефонҳо барои тамос: 250-35-42 250-35-41 Сомона: www.kasb.tj Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj

06.05.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36