Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод!

   Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
   Дар ярмарка муассисаҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», КВД «Маркази таълими шаҳри Душанбе», КВД «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе», КВД «Маркази таълимии омӯзиши модули шаҳри Душанбе» ва дигар муассисаҳои таълимӣ иштирок варзида, маҳсули дасти касбомӯзонро ба маррази тамошо гузоштанд.
   Дар чорабинӣ шаҳрвандони хоҳишманд ба омӯзиши касбу ҳунарҳои дар Марказ мавҷудбуда ҷалб гардида, номнавис шуданд.
   Бояд қайд кард, ки ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, ҷиҳати таъмин намудани шаҳрвадон ба ҷойи кори доимӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун мусоидат менамояд.

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

(+992) 236 96 02