МАРКАЗИ КАСБУ ҲУНАР

Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Имрӯзҳо Марказ дорои 34 филиал ва 24 намоянда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, аз рӯи се самт ва 110 касбу ихтисос солона беш аз 30 ҳазор шаҳрвандонро соҳибкасб менамояд. Курсҳои касбомӯзӣ дар Марказ аз 1 то 3 моҳ идома карда, пас аз хатми курсҳо ба касбомӯзон шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дода мешавад. 
    Курсҳои касбомӯзӣ дар Марказ дар асоси роҳхатҳои мақомоти шуғли аҳолӣ – ройгон барои шаҳрвандони бекор, аз рӯи худмаблағгузор – 185 сомонӣ (1 моҳ) ва валидатсия (барои шахсоне, ки касбу ҳунар доранду аммо ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд)-135 сомонӣ (36 соати барномавӣ) мебошанд.
Суроға: кӯч. А. Навоӣ 5/1
Тел: +992 37 250-35-42
Сомона: www.kasb.tj
Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj 
Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj

12.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36