“СОЛИМИИ МИЛЛАТ САРВАТИ БЕБАҲОСТ”

“СОЛИМИИ МИЛЛАТ САРВАТИ БЕБАҲОСТ”
    18 апрели соли 2023 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷаласа таҳти унвони “Солимии миллат сарвати бебаҳост” баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” низ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ оғоз намуда, қайд кард, ки ҷаласаи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандон, алалхусус ҷавонон равона гардидааст. Дар рафти чорабинӣ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО” ва МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии хавфи вируси бемории ВНМО ва хатарҳои истифодаи маводи мухаддир ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” Комиссия оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба маводи нашъаовар барои солҳои 2021-2030 мавҷуд буда, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили нашъамандӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни касбомӯзон баргузор мешаванд.                                                                                                                                                                   Суроға: кучаи А.Навоӣ 5/1
 Телефонҳо барои тамос: 250-35-42
  250-35-41  Сомона: www.kasb.tj
Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj 
Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj

24.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36