30 НАФАР БОНУВОН КУРСИ ДӮЗАНДАГИРО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ХАТМ НАМУДАНД

30 НАФАР БОНУВОН КУРСИ ДӮЗАНДАГИРО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ХАТМ НАМУДАНД
Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ташкилоти Good Neighbors Tajikistan дар шаҳри Ваҳдат барои 30 нафар бонувоне, ки хоҳиши аз худ намудани касбӣ дӯзандагиро доштанд, курси дузандагӣ ташкил карда шуд. Курсҳо аз тарафи мутахассисони ботаҷриба, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолон” ҷалб карда шуда буданд, ба иштирокчиёни курсҳо тамоми нозукиҳои касби дузандагиро омӯзониданд. Дар охир ба ҳамаи ҳунаромӯзон шаҳодатнома супорида шуд.