ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗ ДАР ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ DARYA
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗ ДАР ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ DARYA
17 июни соли ҷорӣ вобаста ба омӯзиши имкониятҳои ташкили доираи тахассусҳо дар Осиёи Марказӣ ҷаласа дар шакли маҷозӣ доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони 15 давлат иштирок карданд. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" муовини директори Марказ Муродзода Умед ширкат намуд. Қайд гардид, ки ташкили доираи тахассусҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ барои ҳамгироӣ дар самти таълим ва таҳсилот, қабули стандартҳои ягонаи таълимӣ барои кишварҳои минтақа ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд.