МУАРРИФИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030
МУАРРИФИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030
Санаи 22 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” вохӯрии намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонслони Тоҷикистон” Авғонова М. оғоз намуда, қайд кард, ки нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат, саломатии аҳолӣ ва миллату давлат зарари ҷиддӣ мерасонад.
Холзода Ф. нозири калон ва Алиёрзода Наргис нозири Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро идома дода, дар байни кормандони Марказ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар охир Гурезов Ф. котиби комиссия оид ба Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар МД ”Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” суханронӣ намуда, чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.