СОҲИБКАСБ НАМУДАНИ БОНУВОН

СОҲИБКАСБ НАМУДАНИ БОНУВОН

       Баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, фаро гирифтани бонувон ба зинаҳои гуногуни таҳсил, соҳибкасб намудан ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани занон,  аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста масъалаи соҳибкасб намудани занону бонувонро таъкид менамоянд.
  Аз ҷумла, соли 2019 зимни ироаи Паёми худ ба Парлумони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
     Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону бонувон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
  Танҳо дар 7 моҳи соли 2023, тавассути Марказ ва филиалҳои он дар маҷмуъ 20370 нафар шаҳрвандон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, ки аз ин шумора 11248 нафар ва ё 55,2%-ро занон ташкил медиҳанд.Маврид ба зикр аст, ки аз шумораи умумии занони ба омӯзиш фарогирифта 5571 нафар  (49,5%) дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон касбомӯзӣ гардида, инчунин бо идрорпулӣ таъмин шуданд.
    Зимни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти  таълими калонсолон, Муассиса барои фароҳам овардани шароити омӯзиши малакаҳои касбӣ ва ҳаётӣ барои занону бонувони хонашин, оилаҳои муҳоҷирони баргашта ва ашхоси ниёзманд аз ҳисоби бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани вазъи шуғл ва даромади муҳоҷирони тоҷик дар Тоҷикистон” зиёда аз 1000 нафар занону бонувон ройгон ба касбомӯзӣ ва семинарҳо доир ба малакаҳои ҳаётӣ ҷалб гардиданд.
  Шавқу рағбати занонро ба касбомӯзӣ ба инобат гирифта, “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ба замимаи Иҷозатномаи фаъолият касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, ҳунарҳои мардумӣ ва касбу ихтисосҳои муосир, аз қабили, адрасбофӣ, консервакунонии меваю сабзавот, гулдӯзӣ, занбӯриасалпарварӣ, забонҳои англисӣ ва кореягӣ, қолинбофӣ, муҳосибӣ ва ороишгари мӯйро ворид намуд.
  Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” минбаъд низ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди корбарӣ ва иҷро қарор дода, ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону бонувон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Хосиятмоҳ Маҳмудова,
Директори МД “Маркази таълими 
калонсолони Тоҷикистон

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

250-35-44, 250-35-42,
250-35-45