ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ “НОСТРОЙ” ВА “РОСАТОМ” БА МАРКАЗ

       ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ “НОСТРОЙ” ВА “РОСАТОМ” БА МАРКАЗ
      26 апрели соли 2023 ҳайати меҳмонон аз Федератсияи Россия бо роҳбарии  Геннадий  Сахаров - директори  сармоягузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом» ва Президенти Ассотсиатсияи “Иттиҳодияи миллии бинокорон” (“НОСТРОЙ”)-и Федератсияи Россия Антон Глушков ба МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ташриф оварданд.
Зимни ташриф меҳмонон аз базаи моддию техникии Марказ, синфхона ва коргоҳҳои таълимии ба соҳаи сохтмон равонашуда дидан намуданд.
Зикр гардид, ки дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” аз рӯи касбҳои ба сохтмон рабтдошта, аз ҷумла кафшергари газию барқӣ, сантехник, барқчӣ, хиштчин, андовачӣ-рангуборчӣ ва кошинкор тариқи курсҳои кӯтоҳмуддат мутахассисон омода карда мешаванд.                                                                                                                             Суроға: кучаи А.Навоӣ 5/1
 Телефонҳо барои тамос: 250-35-42
  250-35-41  Сомона: www.kasb.tj
Фейсбук: https://www.facebook.com/kasbtj 
Инстаграм: https://www.instagram.com/kasb.tj

28.04.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36