КАСБОМӮЗОНИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ “ДУЗАНДАГӢ” АЗ КОРХОНАИ ДӮЗАНДАГӢ ДИДАН НАМУДАНД

КАСБОМӮЗОНИ КУРСИ КӮТОҲМУДДАТИ “ДУЗАНДАГӢ” АЗ КОРХОНАИ ДӮЗАНДАГӢ ДИДАН НАМУДАНД
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти саноатикунонии мамлакат як гурӯҳ занону духтарони хонашин, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” курси кӯтоҳмуддати “Дузандагӣ”-ро омӯхта истодаанд, дарси амалии худро дар корхонаи дӯзандагӣ гузаронида, ҳамчунин аз рафти корҳо дар корхона дидан намуданд.