"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!

Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!
Slide Image
"САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ"!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида басо рамзист, ки 5-уми декабри соли 2003 дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО «Ҷашни Сада» ба Феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шуд.

Санаи 31 январи соли 2026 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе «Иди Сада ва намоиши фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ» баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Сафарзода Анвар, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, муовини вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурализода Абдураҳмон ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, меҳмонон ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

    Дар намоишгоҳ корманди Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» иштирок намуда дастовардҳои касбомӯзонро пешниҳод намуданд.

01.02.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36