ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Slide Image
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Slide Image
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Slide Image
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Slide Image
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Slide Image
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ДОНОРҲО ВА ШАРИКОНИ РУШД ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

   Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд 
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

   Санаи 11 марти соли 2024 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency», шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

  Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ аз ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони асосии рушд дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, ки дар татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон намояндагӣ мекунанд бавижа мусоидат ба ҷалби шаҳрвандон ба шуғли пурсамар, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ кард.

Инчунин, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, музди меҳнат, рушди соҳибкории хурду миёна, такмили низоми нави қарздиҳӣ ба соҳибкорон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии низоми андоз, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории иловагӣ ба рушди ҳифзи иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва дигар паҳлӯҳои иҷтимоии ҷомеа, ки ба соддагардонии тартиб додани нақшаи тадбирҳо барои ояндаи наздик мусоидат менамояд, ҳамаҷониба таҳлил ва қайд карда шуданд. 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода қайд кард, ки барномаи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ то соли 2026 як қатор тадбирҳои муассирро дар соҳаи таълими калонсолон, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, барои ноил шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон рақамикунонии иқтисод имкон медиҳад, ки модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳавасмандгардонии табодули навъҳои мавҷуда ва рушди навъҳои нави истеҳсолот фароҳам оварда шавад.
Гузариш ба хизматрасонии рақамии давлатӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият ва соддагардонии расмиёт мусоидат хоҳад кард. 

Иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ шароит фароҳам меорад.
Ноил шудан ба ин ҳадафҳо бидуни кумаки шарикони рушд ва донорҳо, ҷалби манбаъҳои иловагии сармоягузорӣ, кумаки техникӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ хеле мушкил аст.

Дар робита ба ин, дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо бо мақсади нигоҳ доштани муколамаи сиёсӣ, сафарбар намудани захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. 

Ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалии татбиқи дурнамои Вазоратро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дарназардошти шуғли ҷавонон ва инноватсия, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда ва коҳиши равандҳои муҳоҷират муайян мекунад.

Дар рафти вохӯрӣ пешниҳодҳо, ташаббусҳо ва қарорҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда қабул гардида, дар протоколи ҷаласа сабт гардида, рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро, ки ҳар се моҳ баргузор мегардад, муаррифӣ карда мешавад.

 

13.03.2024

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36