“ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ РАМЗҲОИ МУҲИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ МО”

Slide Image
“ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ РАМЗҲОИ МУҲИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ МО”

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

  

     24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.

      Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Прачами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.

     Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

    Ранги сурхи парчам нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

    Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

    Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад.

    Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

     Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

 

22.11.2024

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36