Бахши мониторинги меҳнати кӯдак пайваста бо хонандагон ва волидайни онҳо семинару вохӯриҳо доир менамояд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахши мониторинги меҳнати кӯдак фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии он барҳам додани меҳнати сангини кӯдакон мебошад.

Тавре зимни суҳбат мудири бахш Фатона Назриева иброз дошт, дар мамлакат ҳастанд падару модароне, ки аз қувваи кӯдакон истифода мебаранд. Ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки наврасоне, ки бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, дар кӯчаву бозорҳо аробакашӣ, мошиншӯӣ ва салафанфурӯшӣ мекунанд ва дар деҳотҷойҳо бошад ба кори саҳро ҷалб карда мешаванд.

Аз ин рӯ бо мақсади барҳам додани меҳнати сангини кӯдак аз  соли  2015 то 2020 дар бахши мазкур Лоиҳаи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон роҳандозӣ карда шуд. Лоиҳа 5 сол  идома ёфта, 7 ноҳияи пилотӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент, Хоруғ ва ноҳияҳои Восеъ, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Шуғнонро дар бар гирифт.

Пеш аз ин дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе чунин лоиҳа  амалӣ шуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид. Пас аз он чунин иқдомро дар ноҳияҳои пилотӣ ҷорӣ карда шуданд.

Дар рафти амалишавии Лоиҳаи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон барои солҳои 2015-2020 дар ҳар як ноҳияи пилотӣ мутахассисон бо директорони мактаб ва падару модарон  доир ба меҳнати кӯдак корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд, ки кӯдакон ҳарчи зудтар аз кори вазнин дур шуда, ба хониш ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин, ҷавонону наврасони аз 15 то 18 соларо дар марказҳои таълимӣ ба касбу омӯзиш фаро гирифтанд.

Ҳоло низ аз рӯи ин гуна масъалаҳо дар мактабҳо бо хонандагон ва волидайни онҳо семинару вохӯриҳо доир карда мешаванд.

Айни замон бахши мониторинги меҳнати кӯдаки Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар нақша дорад, ки чунин як лоиҳаеро барои солҳои минбаъда таҳия карда, дар ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ амалӣ намояд.

13.04.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36