Дар ноҳияи Ишкошим ду Маркази омӯзиши ҷавонон дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор доранд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сохторҳои вазорат дар ноҳияи Ишкошим дидан намуд.

Зимни сафар масъалаҳои бунёди бинои маъмурӣ барои сохторҳои вазорат, таъсиси муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо назардошти дар масофаи дур аз марказ ҷойгир шудани ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳия, тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бокортаъминкунии аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатӣ яке аз тадбирҳои пешгирифтаи вазорат буда, дар ин раванд ба дастгирии  Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар ноҳияи Ишкошим ду Маркази омӯзиши ҷавонон: яке дар маркази ноҳия ва дигар дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Замиров дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор доранд. Фаъолияти ин марказҳо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ба роҳ монда мешавад.

Ширин Амонзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозӣ дар ин марказҳо шинос шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва бо таҷҳизоти босифат муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои таълимӣ дастур дод.

13.07.2022

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36